Насби 798 стансияҳои базавӣ дар як сол

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» соли 2024 798 стансияҳои базавӣ насб карда шуда, ҳамчунин зиёда аз 300 километр хатти нахи нурӣ барои вусъат бахшидани фаъолияти мунтаззами стансияҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет насб гардид.

Дар ин хусус имрӯз сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Саъдулло зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён намуда, гуфт, ки дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,5 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии муштариёни ба шабакаҳои алоқаи барқӣ пайвастшуда баъди дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» 8 миллион нафарро ташкил дод, ки зиёда аз 5 миллиони он муштариёни фаъол мебошанд»- чунин изҳор гардид дар нишаст.

Олуфта Шарипова,
радиои «Тоҷикистон»