Намояндаи Тоҷикистон Президенти Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ барои соли 2025 интихоб гардид

Санаи 10 январ зимни интихоботи президент ва муовинони президенти Бюрои Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ба мақоми  президенти Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ барои соли 2025 интихоб гардид. Дар ин бора аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Бори нахуст аст, ки намояндаи Тоҷикистон ба ин вазифаи пурмасъул интихоб мешавад.

Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ аз 36 аъзо (президент ва чор муовин) иборат буда, фаъолияти ЮНИСЕФ-ро назорат ва арзёбӣ мекунад. Бюро ҳамчун ҳамоҳангсоз байни котиботи ЮНИСЕФ ва гурӯҳҳои минтақавӣ амал намуда, ба масъалаҳои маъмурӣ ва вазифавӣ тамаркуз мекунад. Он ба раванди гуфтушунидҳои қабули қарорҳо давоми ҷаласаҳо барои баланд бардоштани самаранокии Шурои иҷроия мусоидат мекунад.