Байни Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди «сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Институти илмию таҳқиқотии инкишофи Чини Ғарбӣ ва Маркази таҳлилии Осиёи Марказии он шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Ин санад дар доираи сафари намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мулоқот бо роҳбарияти Институти илмию таҳқиқотии инкишофи Чини Ғарбӣ ва Маркази таҳлилии Осиёи Марказии он ба имзо расид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкории тарафайн дар самти баргузории форуму конфронсҳои байналмилалии муштарак, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ дар самтҳои гуногун, бахусус дар соҳаҳои рушди устувор ва иқтисоди «сабз» табодули назар намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот мувофиқа ҳосил гардид, ки ҷонибҳо соли 2025 дар самти рушди иқтисоди «сабз», тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист якчанд конфронси байналмилалӣ доир намоянд.