Шоҳмотбоз аз Тоҷикистон Надежда Антонова дар чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуд. Дар ин хусус Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чемпионати Осиё намояндагони 31 давлат иштирок намуданд ва шоҳмотбоз аз Тоҷикистон дар байни онҳо пирӯз гардид.
Ёдовар мешавем, ки Надежда Антонова чанде қабл ғолиби мусобиқаи «Ҷоми Пешвои миллат» низ гардида буд.
Чанде пеш шоҳмотбози дигари тоҷик Сӯҳроб Ҳамдамов низ дар Чемпионати Осиё байни шоҳмотбозони маъюб соҳиби медали тилло гардид.