Баррасии ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба бозори меҳнати давлатҳои Аврупо

Рӯзи 16 декабри соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазоарти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нодирзода Иматшо ва Сардори минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Радим Жак мулоқот намудаанд.

Дар ин бора сомонаи Хадамоти муҳоҷират хабар дода, менависад, ки зимни мулоқот Сардори Хадамот Нодирзода Иматшо оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, муҳоҷирони ба ватан баргашта, марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби муҳоҷирони баргашта ба бозори меҳнат андешаронӣ тафсилот додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар навбати худ Радим Жак иброз намуданд, ки ҳадаф аз сафари мазкур мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар самти раванди муҳоҷират,  имконияти ҷалби шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони тоҷик ба бозори меҳнати давлатҳои Аврупо мебошад.  

Дар фарҷоми мулоқот Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.