НАМОИШИ АСАРҲОИ РАССОМ-ГРАФФИКИ ҶАВОН ИФТИТОҲ ГАРДИД

Дирӯз дар толори намоишгоҳи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом-граффики ҷавон Умеда Шералиева ифтитоҳ гашт.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш Ҳаётзода Алиакбар, сардори шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълими Вазорати фарҳанг, Худойбердиева Ҷамила, муовини ректор оид ба таълим, Наргис Ҳамидова, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Ҳусейнов Далер, сардори шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Беҳруз Забиров, мудири кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ, Хостихудоева Оиша, санъатшинос, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки Умеда Шералиева яке аз рассом-граффикони ҷавон буда, дар ин ҷода шогирди устодони ҳунар Фаррух Хоҷаев ва Илёс Мамадҷонов аст. Ӯ баъди хатми зинаи бакалавр ба шӯъбаи магистратура бо ихтисоси наққошӣ дохил шуда, айни ҳол дар техникаи линогравюра ва граффикаи нодир асар офарида, услуби худро дорад.

Баъди ифтитоҳи расмӣ иштирокчиён бо мӯҳтавои намоишгоҳ шинос шуда, доир ба асарҳои ба маърази тамошо гузошташуда маълумот гирифтанд. Дар намоишгоҳ беш аз 70 асар пешниҳоди ҳаводорони санъат гардонида шуданд.