Имрӯз дар меҳмонхонаи Ҳилтон лоиҳаи Шӯрои ВАО оид ба мониторинги нашрияҳои чопиву электронии кишвар перомуни риояи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ҷамъбаст гардид. Дар он намояндагон аз Шӯрои ВАО Тоҷикистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Сафорати Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Интернюс дар Тоҷикистон ва фаъолону собиқадорони соҳаи журналистикаи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Ҳуриннисо Ализода раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон баромад карда, иброз намуд, ки мониторинги нашрияҳои чопиву электронии кишвар оид ба риояи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аз ҷониби Шӯрои ВАО Тоҷикистон бо дастгирии САҲА аз санаи 1 июли соли 2024 дар нашрияҳои чопиву электронӣ шурӯъ гардида, то санаи 30 ноябри соли ҷорӣ идома ёфт. Мониторинг 11 нашрияи чопӣ аз қабили ҳафтаномаи “Asia+”, “Минбари халқ”, “Оила”, “Омӯзгор”, “Самак”, “СССР”, “Тоҷикистон”, “Фараж”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Муҳаббат ва Оила”, “Истиқлол” ва 2 сомонаи иттилоотӣ: khovar.tj ва avesta.tj-ро фаро гирифта буд, – илова намуд Ҳуриннисо Ализода
Дар идомаи чорабинӣ Эми Сэвимли сардори шуъбаи андозагии инсон САҲА дар Тоҷикистон баромад карда, иброз намуд, ки гуногунандешӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа мусоидат мекунад, аз ин хотир ҳар як давлатро зарур аст, ки барои ташкили ВАО – и хусусӣ мусоидат намояд.
Дар идома Шамсиддин Насриддинов котиби генералии Шӯрои ВАО Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳар нашрияҳои мониторингшуда дар давоми 5 моҳ ба ҳисоби миёна 14 маротиба ва дар 1 моҳ тақрибан 3 маротиба бандҳои гуногуни “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”- ро нақз кардаанд. Ба таъкиди ӯ нашрияҳое ҳам буданд, ки бинобар касбияти баланд ва риояи ҷиддии меъёрҳои ахлоқӣ ба нақзи ягон банди “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” роҳ надоданд.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз мониторинги матолиби интишории ВАО муайян намудани ҳолатҳои нақзи меъёрҳои ахлоқи касбӣ дар нашрияҳо ва сомонаҳои интернетии кишвар, пешниҳоди тавсияҳо барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта, пешгирӣ аз баҳсҳои эҳтимолии судӣ миёни рӯзноманигорон (идораву ташкилотҳои ВАО) бо шахсони ҳуқуқиву воқеӣ арзёбӣ мешавад.
Дар охир аз миёни 11 нашрияи чопӣ ва ду сомонаи иттилоотӣ нашрияи “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, ва сомонаи иттилоотии khovar.tj бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравии Шӯрои ВАО Тоҷикистон қадрдонӣ гарданд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”