Мулоқоти Рустам Назарзода бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода 9 декабри соли 2024 ҳайати Бонки Осиёии Рушд (БОР)-ро таҳти роҳбарии ҷаноби Томас В. Кесслер – Мудири молии гурӯҳи  бахши молии бонк ба ҳузур пазируфтааст.  

Сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мақсади асосии вохӯрӣ баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи КҲФ ва БОР дар татбиқи лоиҳаҳои оянда дар соҳаи мудирияти хатари офатҳои табиӣ дар кишвари мо буд.

Зимни вохӯрӣ мавзӯи яке аз лоиҳаҳои ояндаи Бонки Осиёии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузорӣ дар ҳолатҳои офати табиӣ, аз қабили заминларза ва обхезӣ ва расонидани кумак ба аҳолии осебдида мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси КҲФ дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи соли ҷорӣ дар кишвар, дастгирии ҳукумат ба аҳолӣ ва расонидани ёрии саривақтӣ маълумот дод.

Ҷаноби Кесслер барои пазироии гарм изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки танҳо тавассути ҳамкории зич мо метавонем ба татбиқи самараноки лоиҳа ба нафъи мардуми тоҷик ноил гардем.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуда, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.