5 ДЕКАБР – РӮЗИ ҶАҲОНИИ ХОК. 95%-и ғизо аз обу хок ва сифати он вобаста аст

Ҳамасола 5 декабр рӯзи ҷаҳонии хок ҷашн гирифта мешавад. Имсол ин сана таҳти унвони «Нигоҳубин ба хок: андоза, назорат, идора» таҷлил мегардад. Об ва хок муҳимтарин захираҳои таъмини ҳаёт дар рӯи замин мебошанд. 95% ғизо аз хок аст ва сифати хурок низ маҳз аз сифати ин ду сарчашмаи асосӣ вобастагӣ дорад. Аз 18 элементи асосии химиявӣ барои растаниҳо зарурӣ 15-тои онро хок таъмин мекунад.

Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва фаъолияти инсон, таназзули хок ба амал омада, боиси фишори аз ҳад зиёди захираҳои об мегардад. Эрозия ва фишурдани хок қобилияти захира кардани обро мушкил намуда, дастрасии обро барои ҳама шаклҳои ҳаёт коҳиш медиҳад.

Таҷрибаҳои устувори идоракунии хок, аз қабили илова кардани моддаҳои органикӣ ва зироатҳои сарпӯш сифати хокро беҳтар мекунанд, эрозия ва ифлосиро коҳиш медиҳад. Илова бар ин, чунин таҷрибаҳо гуногунии биологии хокро нигоҳ дошта, ҳосилхезии хокро баланд мебардоранд ва дар мубориза бо тағирёбии иқлим нақши муҳим мебозанд. Ҳамзамон, идоракунии устувори захираҳои хок ва об қобилияти Заминро барои муқовимат ба ҳодисаҳои шадиди иқлимӣ, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ ва тӯфонҳои қум беҳтар мекунад.

Рӯзи байналмилалии хок аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии илмҳои хок дар соли 2002 тавсия дода шудааст. Таҳти роҳбарии Шоҳигарии Таиланд ва тавассути Шарикии Глобалии Замин ФАО таъсиси расмии Рӯзро ҳамчун платформаи глобалии баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дастгирӣ намуд. Конфронси ФАО дар моҳи июни соли 2013 таҷлили Рӯзи ҷаҳонии хокро якдилона тасдиқ кард ва дар ҷаласаи 68-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман тасдиқи онро дархост кард.