Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст

Ҷашни суннатии мо – «Меҳргон» расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. Ин руйдоди фараҳбахши фарҳангӣ боиси ифтихору сарфарозии сокинони мамлакат гардид. Дар ин робита АМИТ «Ховар» андешаи муовини якуми Вазири кишоварзӣ Нуралӣ Асозода ва Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро манзур намудааст, ки бознашр менамоем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш изҳор доштанд, ки: «фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст».

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 Иди Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар баробари ин Ҳукумати мамлакат пайваста талош меварзад, то мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил гарданд.

Муовини якуми Вазири кишоварзӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Асозода иброз дошт, ки: «сарфи назар аз гирудорҳои сиёсию фарҳангӣ Меҳргони аҷдодӣ тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд. Дубора эҳё гардидани ин ҷашн барои беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз, ба истиқболи ҷашни Меҳргон пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд. Сол ба сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат зиёд мешавад».

«Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Меҳргон пайванди моро бо решаҳои бостонии миллиамон тақвият бахшид ва боиси болоравии худшиносиву худогоҳии мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон гардид, зеро Меҳргон рамзи ваҳдати инсонҳо, намунае аз ахлоқи баландтарини инсонӣ, меҳрварзиву накӯкорӣ, ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ ба шумор меравад»,- илова намуд Нуралӣ Асозода.

Ба андешаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Меҳргон — на танҳо иди ҳосилот ва кишоварзон, балки ҷашни шеъру суруд низ ҳаст, зеро он бар меҳру муҳаббат — ин мавзӯи ҷовидонии адабиёт асос ёфтааст. Дар инъикосу тарғиби иди Меҳргон нақши шоирони бузурги мо, аз ҷумла устод Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Анварӣ, Масъуди Саъди Салмон, Манучеҳрии домғонӣ, Ҳоқонии Шервонӣ ва сухансароёни дигар бузург аст.

«Маъруфияти Меҳргонро боз аз он дарк кардан мумкин аст, ки дар таърихи санъати миллии аҷдодонамон сурудҳои мавсимию маросимии «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурд», «Меҳргонӣ» маълуму машҳур будаанд, ки оҳангҳои онҳоро ба Борбади Марвазӣ нисбат медиҳанд. Хушбахтона, дар сарчашмаҳои хаттии пешина ва осори олимону адибони гузашта доир ба иди Меҳргон маълумоти фаровон омадааст»,-афзуд шоир.

Камол Насрулло изҳор дошт, ки расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ҷои ифтихору сарфарозист. Зеро ҳадафу ниятҳои волои ин ҷашн чунонанд, ки онҳо бар дарди тамоми башарият мехӯранд, на фақат армони миллии мо, балки умеду ормони ҳама халқҳои олам, кулли одамизодро ифода мекунанд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо меҳру муҳаббат пазируфта шудааст.

Бояд гуфт, ки алҳол аҳолии шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба ифтихори Меҳргон ҷашнҳои бузург меороянд ва дастурхонҳояшонро бо анвои меваҳо, тарбузу харбуза, сабзаҷот ва хӯришҳои дигар ороста, дар атрофи хони пурнозу неъмат таронасароӣ ва рақсу бозӣ менамоянд.

Имрӯз Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҷашни ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рӯзгор ва хушии мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон аст.

АМИТ “Ховар”