6 бозӣ — 6 бохт. Натиҷаи қаҳрамони Тоҷикистон дар Лигаи чемпионҳои 2-юми Осиё

Лигаи чемпионҳои 2-юми Осиё барои дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бенатиҷа ба охир расид.

Шоми гузашта дар доираи бозиҳои даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, дар чаҳоргонаи «С» дастаи «Истиқлол» бо «Сипоҳон»-и Эрон вохӯрӣ анҷом дод. Ин рақобат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 0 бар 2 ба нафъи дастаи эронӣ ба охир расид.

Голҳои дастаи «Сипоҳон»-ро Муҳаммад Каримӣ (аз пеналтӣ, дар дақиқаи 55-ум) ва Абубакар Камара (дар дақиқаи 80-ум) ба самар расониданд.

Вохӯрии дигари ин гурӯҳ миёни «Ал-Веҳдат»-и Урдун ва «Ал-Шарҷа»-и АМА бо ҳисоби 1 бар 3 ба нафъи намояндаи АМА поён ёфт.

Ба ҳамин тартиб аз гурӯҳи «С», дастаҳои «Ал-Шарҷа» бо 13 имтиёз ва «Ал-Веҳдат» бо 11 имтиёз ба плей-оффи мусобиқа роҳ ёфтанд. «Сипоҳон» бо 10 имтиёз дар ҷои 3-юм ва Истиқлол» бе имтиёз дар ҷои охири гурӯҳ ҷой гирифта, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардиданд.

Акс аз саҳифаи расмии бошгоҳи «Истиқлол»