Ҳаёт ва фаъолияти арбоби давлатӣ Низорамо Зарипова ифтихори миллат аст

Рӯзи 30 ноябр яке аз шахсиятҳои маъруфи кишвар, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ Низорамо Зарипова дар синни 101-солагӣ аз дунё даргузашт.

Низорамо Зарипова умри наҷибу бобаракат, тамоми фаъолият ва заҳматҳои хешро сарфи некуаҳволӣ ва саодатмандии мардуми тоҷик, хизмати содиқонаву пуршараф ба Ватан ва миллати бостонии хеш намуд. Ҳар давраи ҳаёти ӯ бо таърих ва тақдири Тоҷикистон вобаста аст, зеро Низорамо Зарипова аз ҳеҷ мушкилӣ ва роҳи пуршебу фарози зиндагӣ наҳаросида, талху шаҳди сарнавиштро бо рӯзгори миллати худ пайванд додааст, ки ин дарси ибрат барои занони тоҷик мебошад.

Низорамо Зарипова дар вазифаҳои пурифтихори давлативу ҷамъиятӣ  сарбаландона адои вазифа намуда, бо меҳнати ҳалолу кордониаш соҳиби иззату эҳтироми мардуми мамлакат гардидааст.

Низорамо Зарипова аз минбарҳои баланд ҳар куҷое сухан менамуд, аз мавқеи зан, саҳми ӯ дар инкишофи илм, тандурустӣ, фарҳангу маориф, тарбияи наслҳо, пешрафту кашфиёт мегуфт, аз корномаҳои мардуми  Тоҷикистон  киссаҳо менамуд.

Ӯ ҳамеша бо одамон, занону кӯдакони гуногунмиллату гуногуннажод, гуногунзабону гуногунфарҳанг ҳамраъю ҳамдил буд. Зиндагинома ва маъхазҳои таърихӣ гувоҳи он мебошанд, ки Низорамо Зарипова на танҳо дар байни мардуми  Тоҷикистон, балки бо ҷуръату кордонӣ ва самимияту меҳрубониҳояш дар давлатҳои бурунмарзӣ низ шуҳрату маҳбубияти хоссаро касб намудааст.

Ёду номи ин бонуи соҳибхирад ва миллатдӯсту ватандӯст гиромӣ бод!