Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд

22 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи Шуро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд. Дар ин хусус Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз тамоюли устувори рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарламентии Тоҷикистон ва Русия изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зарурати истифодаи пурраи зарфият ва имконоти ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳим дониста шуд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.