Омӯзгорони муассисасаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон намуданд

Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад. Имрӯз дар ҳама наминатсияҳои озмун довталабон фаъолона иштирок намуданд. Имрӯз омӯзгорони муассисасаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон намуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли шашум аст, ки дар кишварамон баргузор гардида, он барои баланд гардидани савияи дониш ва ҷоҳонбинии маънавии ҳамаи қишрҳои ҷомеа мусоидат менамояд. Наргис Сидиқова омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ рақами 1 – и ноҳияи Зафаробод буда, соли дуюм аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки дар баробари иштироки худ, ҳамчунин шогирдонашро барои ин озмун омода кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки бо назардошти тағйироти воридшуда, имсол маблағи умумии мукофоти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 миллиону 570 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 695 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Садбарг Саъдиева омӯзгори МТМУ рақами 74 – и ноҳияи Рудакӣ буда, тули чор сол мешавад, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи “Адабиёти ҷаҳон” иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки имсол таёрии хуб дидааст ва умедвор аст, ки ғолиб мегардад.

Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баробари донишу малака ба эҷодгарони навқалам низ имкон додааст, ки маҳсули эҷоди худро пешниҳод намуда, аз шоирону нависандагони шинохта маслиҳатҳои муфид гиранд. Сафия Набиева омӯзгори МТМУ рақами 13 – и Нуробод буда, соли сеюм аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи “Эъҷоди наср” иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ ба эъҷодиёт шавқ дошт ва озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барояш имкон дод, ки истеъдоди худро равнақ диҳад.

Маврид ба зикр аст, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2025 маблағи мукофотпулӣ барои ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шуруъ аз мактабҳо то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда мешавад.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”