Муколамаи навбатии занони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад

Раёсати Муколаи занони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 14-15 ноябри соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Муколамаи занони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода иштирок намуд.

Дар муколама иштирокчиён дар мавзуъҳои «Идораҳои патентӣ ва нақши онҳо дар дастгирии навовариҳои занон» ва «Сармоягузорони миллӣ ва нақши онҳо дар рушди инноватсия дар байни занон» ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин иштирокчиён бо намоиши (ЭКСПО) «Занони навовар ҳамчун суръатбахши тараққиёти соҳаи иқтисодии мамлакатҳо» шинос шуданд.

Дар ин муколама намояндагон аз Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон низ иштирок намуданд.