Имрӯз дар толори ДДТТ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фазои зиддикоррупстонии ҷомеа” баргузор гардид.
Конфронсро директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба муҳимияти қабули Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ин санади тақдирсоз дар ташаккули давлати навини тоҷикон ибрози андеша намуданд.
Инчунин дар рафти ин чорабинӣ қайд гардид, ки воқеан ба эҳтирому арҷгузорӣ сазовор будани Конститутсия дар он ифода меёбад, ки ин санади муҳим дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва дар умум барои зиндагии орому осоиштаи имрӯзаи мо дар ҳақиқат нақши калидию таърихӣ дорад.
Дар идомаи чорабинӣ Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва дигар меҳмонон вобаста ба муҳимияти таҷлили ин санаи муқаддас, таърихи қабули ин санад ва нақши Пешвли миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия, қабул ва таҳкими Конститутсия баромадҳои пурмуҳтаво намуданд. Дар ин хусус ҳамкорамон О. Шарипова аз ҷараёни ин ҳамоиши сатҳи баланд иттилоъ дод.