Баррасии имконоти сармоягузории Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

 11 ноябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии маҷозӣ байни вазорату идораҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди сармоягузории Арабистони Саудӣ (PIF) ва ширкати энергетикии  ACWA POWER – и он кишвар баргузор гардид. Дар ин бора  сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шараф Шерализода ва ҳайати Арабистони Саудиро мудири иҷроии Бунёди сармоягузории Арабистони Саудӣ Язид Ал-Ҳумайид роҳбарӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ имконоти сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи Тоҷикистон муаррифӣ гардида, масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду давлат баррасӣ шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *