26 сентябр ҷаласаи комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат” дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, ки масъалаи дар сатҳи баланд ва фазои боз сурат гирифтани маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва ширкаткунандагони озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат”-ро баррасӣ намудааст. Дар ин бора сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, рафти озмун ва баррасии имрӯзи 27-ум низ сентябр идома ёфта, маросими эълони ғолбон ва ҷоизасупорӣ 28-уми сентябр соати 15:00 дар Китобхонаи миилӣ баргузор мегардад.
Рафти озмун ҳар рӯз тариқи шабакаҳои телвизионии кишвар сабт гардидааст ва пешкаши мардум мегардад, ки барои шаффоф баргузор шудани он кӯмак менамояд. Касоне, ки аз натиҷаи озмун норозианд, метавонанд аз сабтҳои телевизионҳо воқеъиятро бубинанд ва баҳо диҳанд.
Гуфта мешавад, то имрӯз шикояте ба гурӯҳи апеллятсионӣ ворид нашудааст.
Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат” рӯзи сеюм аст, ки идома дорад ва дар он 268 нафар ширкат меварзанд.