Имрӯз дар МД “Китобхонаи миллӣ” даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” оғоз гардид.
Дар ин озмун 268 нафар довталаби марҳилаи ниҳоӣ аз тамоми гӯшаву канори кишвар дар Китобистони миллат ҷамъ омада, донишу малака ва маҳорату зеҳнияти хешро манзури ҳакамон мекунанд.
Озмунро се гурӯҳи ҳакамони босалоҳият ва соҳибтаҷриба доварӣ намуда, як гурӯҳи опелятсионӣ низ раванди озмунро баррасӣ хоҳад кард.
Тамоми имконияти модию техникии ин боргоҳи азими илмию фарҳангӣ дар ихтиёри иштирокдорони озмун қарор гирифтааст.
Мақсад аз баргузории он арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ мебошад.
Муҷиддини Сайфиддин,
радиои “Тоҷикистон”