Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ҳамоиши илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Назму тартиб ҳар куҷоест пойдор” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти донишгоҳ ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш Зоир Раҳмонзода ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баромад карда, иброз намуд, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфтааст ва хушбахтона имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Тавре Зоир Раҳмонзода ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар идомаи суханрониҳои худ қайд намуд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои пешгирии кирдорҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва амалҳои ҷиноятӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тарбияи наврасон дар руҳияи меҳанпарастӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки мақсади асосии баргузории чунин ҳамоишҳо ин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон дар самти ҳуқуқ ва риояи қонунҳо, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва донистану ҳимоя кардани ҳуқуқҳои худи инсон мебошад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”