Дастаи «Равшан» Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиёро бо ба даст овардани имтиёз оғоз кард

Шоми гузашта дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, дар гурӯҳи «А» бо дастаи «Моҳун Баган»-и Ҳиндустон вохӯрӣ анҷом дода, мусовӣ кард.

Бозии мазкур дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Калкутаи Ҳиндустон доир гардида, 0 бар 0 ба охир расид.

Ба ҳамин тартиб дастаҳо соҳиби як имтиёзӣ гардиданд.

Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳо «Ал-Вақра»-и Қатар ва «Трактор Созӣ»-и Эрон дар Қатар доир гардида, бо ҳисоби 0 бар 3 ба нафъи дастаи эронӣ ба охир расид.

Тартиби ҷойгиршавии дастаҳо дар гурӯҳи «А» пас аз як давр чунин аст:

  1. «Трактор Созӣ» — 3 имтиёз
  2. «Равшан» — 1 имтиёз
  3. «Моҳун Баган» — 1 имтиёз
  4. «Ал-Вақра» — 0 имтиёз

Ҳамакунун дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа санаи 2 октябр, «Равшан» бо «Ал-Вақра»-и Қатар дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрӣ анҷом дода, «Трактор Созӣ» дар хонаи худ «Моҳун Баган»-ро қабул мекунад.

Рустами Зоир

радиои «Тоҷикистон»