Рӯзҳои 12-13-уми сентябри соли 2024 дар Осоишгоҳи «Садбарг»-и ВКД таҳти унвони «Нақши зан – корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар фаъолияти милитсияи Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи ВКД хабар медиҳад, ин чорбинӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Душанбе доир гардида, дар он Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, роҳбарият ва аъзои Ассотсиатсияи шурои занони ВКД, инчунин намояндагони Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо занон, САҲА, Ташкилоти байналмилалии «АКТЕД», Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло гуфта зимни суханронии ифтитоҳӣ афзудааст, ки имрӯзҳо садҳо нафар занони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бо саҳмгузорӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, аз худ истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ, вафодорӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихорро зоҳир менамоянд. “Ҳамасола бо дастгирию ғамхории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ВКД дар арафаи ҷашну маъракаҳо онҳо барои хизмати софдилона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ ва садоқат ба давлату миллат бо ордену медалҳо ва туҳфаю мукофотҳои пулию молӣ қадршиносӣ карда мешаванд, – афзудааст Азизулозода Сафиало Азизуло.
Дар идома оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсия, мавқеи занон дар пешбурди он, саҳми нозирони милитсия дар пешгирии зӯроварӣ дар оила ва дигар иқдомоти созанда изҳори андеша карда шуд.
Сипас, Роҳбари Департамент оид ба ченаки инсонии Дафтари барномавии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Эми Севимли бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, дар бораи ҳамкориҳои судманд бо ВКД изҳори андеша намудааст.
Ҳамчунин, дар кори мизи мудаввар раиси Ассотсиатсияи шурои занони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиза Давлатшозода оид ба “Фаъолияти Ассотсиатсия дар шаш моҳи сипаришуда” (аз ҷумла оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила), муовини сардори РНТ полковники милитсия Қурбонзода Валишо оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ, раиси шурои ҷамъиятии шаҳри Душанбе Ёров Давлат оид ба “Мавқеи корманд – занон дар фаъолияти мақомоти давлатӣ”, раисони шуроҳои занони РВКД дар вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақаҳои Кӯлобу Рашт ва қисми ҳарбии 3502-и РҚД ВКД бо маърузаҳо дар бораи фаъолияти хеш муфассал маълумот доданд.
Дар охир бо баррасиву натиҷагирии фаъолият, таклифу пешниҳодҳои муфид ироа гардид.
Ҳамзамон, пас аз баргузор намудани мусобиқаи зеҳнӣ ва бозии шоҳмоту шашка байни корманд-занон, ғолибон муайян гардида, ба онҳо туҳфаҳо тақдим гардид.
Дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия 17 воҳиди кории нозири зӯроварӣ дар оила таъсис дода шудааст, ки 14-тои он бо дастгирии САҲА бунёд ёфтаанд ва дар қисмати зиёди онҳо занон кору фаъолият менамоянд.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ислоҳоти милитсия аз соли 2013 оғоз ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба “Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 ва 2021-2025” тасдиқ карда шудааст.
Бояд гуфт, ки Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробари занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар зарурати иштироки фаъоли занонро дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа талаб менамояд, аз ин рӯ, таъмини баробарии гнендерӣ ва фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа ба рушди устувори мамлакат мусоидат менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти барорбарии гендерӣ зиёда аз 60 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ амал мекунанд.