Баргузории ҷаласа оид ба ҳамгироии махзани маълумотҳо байни вазорату идораҳо дар Агентии омор

Дирӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳамгироии (интегратсияи) махзани маълумотҳо байни мақомоти омор ва вазорату идораҳои дахлдор ҷаласа доир гардидааст.

Тавре сомонаи Агентии омор хабар медищад, дар ҷаласа роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Агентии омор, ҳамзамон намояндагони як қатор вазорату идораҳо иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, мақсади баргузории ҷаласа тақвияти рақамикунонии мақомоти давлатӣ ва вусъати табодули маълумот дар шакли электронӣ, инчунин сари вақт пайвастани махзани маълумотҳои вазорату идораҳо бо махзани маълумоти мақомоти омори давлатӣ арзёбӣ мебошад.

Дар кори ҷаласа Лоиҳаи Созишнома оиди ҳамгироии (интегратсияи) махзани маълумотҳо байни мақомоти омор ва вазорату идораҳо баррасӣ гардида, ҳамзамон пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор оиди бандҳои Лоиҳаи Созишномаи мазкур шунида шудааст.

Нақши ҳамгироии махзани маълумотҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид шудааст, ки мусоидати саривақтии вазорату идораҳо барои таъсиси маълумотҳои ягонаи оморӣ кӯмак хоҳад кард.

Бояд қайд намуд, ки дар соли 2024 ҷиҳати татбиқи “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон” ҳамаи шаклҳои ҳисоботи оморӣ пурра бо усули электронӣ роҳандозӣ шудааст.