Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Маркази савдо ва Меҳмонхонаи «Сайёҳ»-ро ифтитоҳ намуданд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Маркази савдо ва Меҳмонхонаи “Сайёҳ”-ро, ки дар доираи корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Бинои меҳмонхона ва маркази савдо аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шудааст.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 12 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аз рӯи лоиҳа дар ошёнаи якуми бинои навбунёд мағозаи хӯрокворӣ ва дар ошёнаи дуюм мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва ҷиҳози рӯзгор ҷойгир аст. Дар маркази хизматрасонӣ пардохт тавассути технологияи муосир сурат мегирад.

Ошёнаҳои сеюму чоруми бино пурра барои меҳмонхона пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи сеюми бино қабулгоҳи сайёҳон, ҳуҷраҳои хоб ва толори гузаронидани семинару машварат ҷойгир аст.

Ошёнаи чорум пурра аз ҳуҷраҳои хоб иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар меҳмонхонаи “Сайёҳ”, ки аз ҷониби соҳибкор Осим Сафаров сохта шудааст, 10 ҳуҷра бо 15 ҷойи хоб мавҷуд аст.

Аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои меҳмонхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба услуби кори меъморон ва сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, сохтмони чунин иншоотро дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ карданд. Зеро шумораи сайёҳон ба кишвари мо сол то сол зиёд мегардад.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар оянда аз рӯи лоиҳа дар ошёнаи панҷуми бино барои истироҳату фароғати сайёҳону меҳмонон нишастгоҳи тобистона сохта мешавад, ки аз он тамоми манзараҳои зебои ноҳияи Сангвор намудор мегардад ва ин омил барои ҷалби бештари сайёҳон мусоидат мекунад.

Масоҳати умумии бино 820 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Атрофи он ба таври замонавӣ оро ёфта, суҳбаткадаҳо бо гулҳои ороишӣ ҳусни биноро боз ҳам зеботар гардонидааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 50 нафар бинокор ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

Насби чароғакҳои замонавии равшанидиҳанда ба намои берунаи иншоот шабона ҳусни тоза зам мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таъкид карданд, ки тавассути ноҳияи Сангвор ҳамасола сайёҳони зиёд гузашта, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мераванд. Аз ин рӯ, бунёд кардани чунин меҳмонхона бо маркази савдо бо шароиту имкониятҳои муосир хеле муҳим мебошад.

Дар саҳни бинои баландошёна дар баробари дигар имкониятҳои истироҳатию фароғатӣ, таваққуфгоҳ барои дучархаҳо гузошта  шудааст, ки барои сайёҳону меҳмонон пешбинӣ шудааст.

Ҳангоми суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро ба истифодаи пурсамари имкониятҳои сайёҳӣ тавассути бунёди чунин иншооти замонавӣ ҳидоят намуданд.

Иншоот дар заминаи дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва рушди соҳибкорию сайёҳӣ бунёд гардидааст. Ҳамин тавр бо бунёд шудани меҳмонхонаи “Сайёҳ” шумораи меҳмонхонаҳо дар ноҳияи Сангвор  ба 7 адад расид.