Дилшод Назаров раиси Кумитаи варзиши Шӯрои олимпии Осиё ва аъзои Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб шуд

Дар кори 44-умин ҷаласаи Ассамблеяи генералии ҳисоботию интихоботии Шӯрои олимпии Осиё ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Дилшод Назаров ҳамчун раиси Кумитаи варзиши Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон аъзои Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардидааст.

Ҳамзамон тибқи рӯзномаи ҷаласа интихоботи Президенти Шӯрои олимпии Осиё, ноибони Президенти ШОО аз 5 минтақаи қораи Осиё, аъзои Кумитаи иҷроия, роҳбарони кумитаҳо ва комиссияҳо баргузор гардид, ки дар натиҷа бо гирифтани 44 овоз аз 45 райъдиҳандаҳои кумитаҳои миллии олимпии қораи Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ ба ҳайси Президенти Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардидааст.

Тавре Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, 44-умин ҷаласаи Ассамблеяи генералии ҳисоботию интихоботии Шӯрои олимпии Осиё дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардида, дар кори ҷаласаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Дилшод Назаров ва менеҷери Департаменти робитаҳои берунӣ, коргузорӣ ва иттилооти Кумита – Абдуллоев Фурқон намояндагӣ намуданд.

Дар кори ин ҷаласа Кумитаи тадорукот ва масъулини Шӯрои олимпии Осиё нақшаҳо ва омодагиҳои худро оид ба баргузории Бозиҳои Осиёӣ дар пеш истодаро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.