31 август бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Бобоҷон Ғафурови шаҳри Исфара оғоз ёфтааст.
Ба навиштаи Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, тибқи иттилои масъулин барои мумфаршкунии роҳи кӯчаҳо 3 миллион сомонӣ равона карда хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон аз густариши корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Исфара ёдовар шуда, таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят бунёдкориҳо ҷараён дорад. Саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст дар амалисозии иқдому ташаббусҳои наҷиб назаррас буда, мардум барои ободонии диёр талош намуда истодаанд.
Изҳори боварӣ карда шудааст, ки сокинони шарафманди вилоят ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаву шоиста истиқбол мегиранд.