Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш суханронӣ карда, пешравӣ ва мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳаи маъорифро дар давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ бозгӯӣ намуданд.
Дар баробари дигар вазорату идораҳо ва Муассисаҳои таълимию касбӣ ва олии мамлакат, донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии мамлакат ба номи Сотим Улуғзода низ дар толорҳои алоҳида суханронии Сарвари давлатро дастҷамъона тамошо карданд.
Суханронии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи дониш, ки ҳамасола баргузор мегардад, сармашқи кори омӯзгорону мутахасисон ва масъулини соҳаи маориф мегардад. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аҳли маорифро вазифадор карданд, ки низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи тарбиявии халқамон ва бо дарназардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пеш баранд.
Ба гуфтаи Самариддин Каримов омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии мамлакат ба номи Сотим Улуғзода, ояндаи ҳар як давлату миллат ба мактабу маориф ва кадрҳои донишманду ватандӯст алоқаманд аст, аз ин хотир саҳми омӯзгон дар тарбия ва ба камол расонидани ҷавонони хирадманд басо бузург аст.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи хатарзои ҷаҳони муосир изҳори нигаронӣ карда, иброз доштанд, ки дар чунин шароите, ки таърихи инсоният ба давраи ниҳоят ҳассосу пешгӯинашаванда расидааст, барои ҷомеаи башарӣ таҳаммулгароӣ, саъю талош ба хотири ҳифзи сулҳ дар сайёра, гуфтугӯи тамаддунҳо ва густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва халқҳо ба хотири ҳамзистии осоиштаи мардумони олам аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст. Аз ин хотир омӯзгоронро зарур аст, ки дар баробари илму дониш, инчунин меҳру шавқат ва башардӯстиро ба насли ҷавон омӯзонанд.
Хосият Олимӣ омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии мамлакат ба номи Сотим Улуғзода зимни суҳбат ба мо гуфт, ки ҳар як омӯзгор бояд донад, ки дар назди ҷомеа чи масъулият дорад ва барои дуруст анҷом додани вазифаҳои худ саъю талош намояд.
Ҳамчунин Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ бояд ба масъалаи таъсиси паркҳои техникӣ, технологӣ ва таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба хотири омодасозии мутахассисон аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад, то шогирдон имкони гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва гирифтани аввалин салоҳиятҳои касбиро пайдо намоянд. Дар робита ба ин Президенти кишвар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро вазифадор карданд, ки ба масъалаи тахассусмандии роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳад.
Сарвинози Сайдалӣ, радиои “Тоҷикистон”