Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар додааст, ки ҳадафи баргузории Форум аз баррасии вазъи сайёҳӣ дар замони буҳрони COVID-19, хисороти расида ба соҳа ва бахшҳои таркибии он, дастгирии соҳа дар шароити буҳронӣ ва пасобуҳронӣ, таркибсозии гуногуни сабади маҳсулоти сайёҳӣ, баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, боло бурдани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат иборат мебошад.
Дар кори Форуми байналмилалӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, ташкилоти байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат варзида, имконот ва дурнамои рушди соҳа мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.