Имрӯз дар маҷмааи хизматрасонию сайёҳии «Шар—шара»-и шаҳри Ҳисор таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи панҷуми Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид.
Дар кори Шӯро роҳбарияти вазорату идораҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи соҳои охир ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, як қатор ташаббусҳои созанда нисбат ба рушди ин соҳаи муҳими иқтисодӣ амалӣ гардиданд.
Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бойи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуд. Тазаккур дода шуд, ки бо пайдо гардидани бемории сироятии коронавирус таъсири манфии он аввал ба соҳаи сайёҳӣ расид.
Ҳолати бавуқӯъомада ба соҳаи сайёҳии мамлакати мо, ки дар ҳоли рушд қарор дошт, таъсири манфӣ расонид.
Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои сироятшавӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ тамоми хизматрасониҳои сайёҳӣ то муътадил гардидани вазъ мавқуф гузошта шуданд.
Тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани ҳолатҳои санитарию гигиенӣ, сохтмони иншооти хизматрасонии сарироҳӣ чораҷӯӣ намоянд.
Барои рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст, Нақшаи амали Стратегия барои солҳои 2019-2022 тасдиқ карда шуд.
Ба аъзои Шӯрои байниидоравӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти худро дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷоннок намуда, дар ин самт масъулияти бевосита дошта бошанд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода оид ба иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи чоруми Шӯрои байнидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.
Оид ба рушди сайёҳӣ дар вилояти Хатлон, мушкилиҳо ва роҳҳои бартараф намудани онҳо муовини Раиси вилояти Хатлон Фируза Шарифӣ сухан гуфт.
Дар кори ҷаласа оид ба беҳтар намудани ҳолати роҳҳои сайёҳгузар дар мавсимҳои сайёҳӣ (роҳҳои минтақаи Ҳафткӯл, Искандаркӯл, осоишгоҳи Тандиқули ноҳияи Лахш, дараи Ҳакимӣ ва мавзеи сайёҳии Сари Хосори ноҳияи Балҷувон гузориши муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҷоат Сироҷзода шунида шуд.
Инчунин дар ҷаласа раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дар соҳаи сайёҳӣ татбиқшаванда, аз ҷумла Лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» (Бонки Осиёии Рушд) ва Лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» (Бонки ҷаҳонӣ) рӯнамоӣ шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар назди Кумитаи рушди сайёҳӣ бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 КВД «Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ» бо мақсади таҳияи маводи тарғиботию ташвиқотии чопию электронӣ, наворҳо ва роликҳои видеоӣ, таҳия ва истеҳсоли армуғонҳои сайёҳӣ ва баргузории чорабиниҳои самти сайёҳӣ таъсис дода шуд. Фаъолияти имрӯза ва нақшаҳои минбаъдаи тарҳрезишудаи корхонаи мазкур дар ҷаласа муаррифӣ шуданд.
Дар кори ҷаласаи Шӯро ҳамзамон оид ба татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар маҳалҳо ва тадбирҳо оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузоришҳои роҳбарони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шунида шуданд.
Дар хотимаи ҷаласаи Шӯро барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои ҳукумати мамлакат оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иҷрои босифати «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020», омодасозии соҳа ба пазироии сайёҳон дар шароити баъдибуҳронии COVID-19 аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»