Шабакаи бурунмарзии Радиои Тоҷикистон, «Овози тоҷик», ки қаблан ҳамчун идораи барномаҳои бурунмарзӣ фаъолият дошт, 16 октябри соли 1949 бо ташаббус ва дастгирии академик Бобоҷон Ғафуров рўи кор омад. «Овози тоҷик» 71 сол аст, ки барои ҳамзабонони бурунмарзӣ ва шунавандагони гуногунзабони худ барномаҳо таҳия мекунад.
Бояд гуфт пахши идораи барномаҳои бурунмарзӣ як воқеаи муҳим ва ҷолиби охири солҳои 40-ум ва 50-уми асри гузашта дар таърихи радиои Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳадаф аз ташкил намудани он дар мисоли Тоҷикистон тарғиб намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ноил гардидан ба дастовардҳои муҳими давлатдорӣ мебошад. Аз соли аввали таъсисиёбии радиои мазкур ҳаҷми барномаҳои он 2 соатро дар бар гирифта, асосан ба забонҳои форсӣ ва дарӣ пешкаши ҳаводорони радио гардиданд. Пас аз солҳои 60-уми асри гузашта ҳаҷми барномаҳо ба 4 соат расонида шуда, яке аз воситаҳои пешқадам ва асосии муаррифии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа ба ҳисоб мерафт. Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар самти фаъолият ва услуби кории кормандони идора тағйир ёфта, аз 1- уми июни соли 2007 дар заминаи идораи бурунмарзии Радиои Тоҷикистон радиои “Овози тоҷик”-ро таъсис доданд.
Имрӯз радиои бурунмарзии “Овози тоҷик” бо 8 забон- тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, русӣ, узбекӣ, англисӣ, ҳиндӣ ва арабӣ дар ҳаҷми 24 соат хабару барномаҳоро аз пешравию дастовардҳои муҳими дохилию хориҷии кишвар манзури сомеони радио менамояд. Барномаҳои радиоро имрӯз дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он, кишварҳои Осиёи Миёна ва давлатҳои ҳамсоя, аз қабили Афғонистон, Эрон, Чин, Покистон ва Россия гӯш мекунанд.
Ҳадафи асосии барномаҳо шинос намудани шунавандагони хориҷӣ бо самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, инъикоси таърих, ва фарҳанги пурғановати мардуми ин сарзамин ҳамчун меросбарони таъриху тамаддуни ин миллат, яке аз рукнҳои асосии кори ин шабака маҳсуб меёбад.