Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров омодагӣ ба музокироти дуюми байниидоравии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ намуданд

21 май дар шаҳри Остона бо ташаббуси ҷониби Русия мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров баргузор гардид. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои ду давлатро бо тамаркуз ба татбиқи мувофиқаҳои 9 майи соли 2024 байни Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия бадастомада мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин атрофи масоили фаъолияти меҳнатии муваққатии шаҳрвандон ва омодагӣ ба музокироти дуюми байниидоравии Тоҷикистон ва Русия, ки қарор аст 28 майи имсол дар Душанбе доир шавад, табодули афкор намуданд.