Душанбе: Сокинони ноҳияи Сино низ бо ҳиси баланди масъулият ба интихобот омада истодаанд.

Интихобот руйдоди муҳими таърихиву сиёсӣ аст. Сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ дар қатори дигар шаҳрвандони мамлакат аз субҳи барвақт ба участкаҳои интихоботӣ шитофта, овози худро дода истодаанд.

Дар участкаи интихоботии 43 – и ҳавзаи интихоботии Сино – 4 сокинон фаъолона дар ин равандаи муҳими сиёсӣ иштирок карда истодаанд. Аз ҷониби масъулини дар участка барои бехатарии интихобкунандагон маводҳои безараргардонӣ гузошта шуда, тамоми чораҳои беҳдоштӣ андешида шудаанд.

Орифа Оқилова – раиси участкаи 43 – и ҳавзаи интихоботии Сино – 4 зимни суҳбат аз иштироки фаъоли мардуми ноҳия изҳори қаноатмандӣ кард.

Сурайё Алимардонова – котиби участкаи интихоботии №43 – и ҳавзаи мазкур низ аз фаъол будани мардум дар интихобот гуфт. Ӯ иброз дошт, ки то соати 09 аллакай беш аз 20 фоизи овоздиҳандагон райъи худро ба ҷониби номзадашон доданд.

Малвина ХУШҚАДАМОВА,

аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе махсус барои сомонаи Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *