Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бори дигар ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 10-12 майи соли 2024 дар як қатор шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳуриявӣ (шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Норак, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Файзобод, Дарбанд, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Лучоб, Қаратоғ), дар вилояти Хатлон (шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Данғара, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Восеъ ва Даштиҷум), дар вилояти Суғд (шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Истаравшан, ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Шаҳристон, Деваштич, Ашт) ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ) бориши боронҳои шадид, раъду барқ, жола дар назар дошта шудааст.
Ин боронҳо дар аксар манотиқи ёдшуда метавонанд боиси омадани селҳо шаванд.
Рӯзҳои 10-12 майи соли 2024 ҳамчунин болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор – Варзоб, Лучоб ҷорианд, эҳтимол дорад.
Рӯзҳои 10-11 майи соли 2024 дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ боридани борон, раъду барқ, жола пешгӯӣ шудааст. Дамои ҳаво низ то андозаи паст мешавад.
Рӯзҳои 9-11 майи соли 2024 дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон (Бохтар, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Айвоҷ) ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (шаҳрҳои Гулистону Бӯстон ва Ашт), инчунин дар ҳудуди ноҳияи Файзобод шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати аз 18-23 то 20-25 метр/с хоҳад вазид.
9 майи соли 2024 бар асари вазиши бодҳои шадид дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба ин, Кумита бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво бори дигар ба идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро тоза кунанд.
Аз волидон хоҳиш карда мешавад фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузоранд, онҳоро ба моҳидориву чорвочаронӣ ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нафиристанд.
Ба сайёҳон тавсия дода мешавад, ки дар чунин рӯзҳо аз сайёр саёҳатҳо ба мавзеъҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва бемориҳои роҳи нафас дар ин рӯзҳо бояд тамоми чораҳои эҳтиётии тиббиро бинанд. Захираи доруҳои лозимро бояд ҳамеша дар худ дошта бошанд.
Дар ҳолатҳои фавқулодда шаҳрвандон метавонанд ба КҲФ бо рақамҳои 112 ё 93 880 28 19, 88 400 01 01 занг зананд.