Панҷакент: Сокинон бо руҳияи идона ба интихобот омада истодаанд.

Имрӯз аз субҳи содиқ мардуми шарафманди шаҳри Панҷакент рӯ ба сӯи участкаҳои интихоботӣ оварда, овози худро ба номзади арзандаашон дода истодаанд. Дар участкаи интихоботии 119 – и ҳавзаи интихоботии Панҷакент №30 сокинони нисбат ба ояндаи кишвари худ бетараф набуда, таҳти Суруди миллӣ бо руҳияи идона вориди нуқтаҳои овоздиҳӣ шуда истодаанд.

Собиқадорони меҳнат Саъдӣ Раҷабов субҳи барвақт ба участкаи интихоботӣ ҳозир шуда, мехоҳад бо ҷонибдорӣ аз номзади худ дар роҳи пешрафти ояндаи Тоҷикистон саҳм гузорад. Ҷавонони шаҳр низ аз ин шахсони рӯзгордида ибрат гирифта, аллакай аз пагоҳии барвақт ба участкаҳои интихоботӣ омада истодаанд.

Сарвиноз Хӯҷамова имсол ба синни 18 – солагӣ расид ва ҳуқуқи иштирок дар ин чорабинии муҳимро ба даст овард., ки бори нахуст дар интихобот иштирок мекунад, мехоҳад овози худро ба шахси арзандааш дода, ояндаи кишвари азизамонро муайян кунад, зеро ӯ мутмаин аст, ки овозаш дар ин маърака муҳим мебошад. Сарвиноз зимни суҳбат қайд кард, ки аз рафти интихобот хурсанд аст, зеро дар участка тамоми қоидаҳои санитарӣ риоя мешаванду аъзои комиссия бо интихобкунандагон муносибати хуб доранд.

Бояд гуфт, ки дар участкаи интихоботии 119 – и ҳавзаи интихоботии Панҷакент – 30 интихобкунандагон бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоби тиббии муҳофизатӣ ба кабинаҳо ворид шуда, дар шароити маъфӣ овози худро дода истодаанд. Участкаи мазкур бо маводҳои безараргардонӣ, аз ҷумла маҳлули антисептик ва ҳароратсанҷ таъмин буда, ҳарорати ҳар як нафари воридшуда санҷида мешавад, инчунин дастони интихобкунанда бо маҳлули зиддиуфунӣ безарар карда шуда, баъди ин ба ӯ бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бюлетени интихобкунӣ дода мешавад.

Гулрӯ НИЁЗОВА,

аз шаҳри Панҷакент махсус барои сомонаи Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *