Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар дар Донишгоҳи техникӣ

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок доштанд.

Тавре зикр карда шуд, имрӯзҳо бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занон дар ҷомеа боло бардошта шуда, шумораи занони роҳбар дар сохторҳои гуногун бештар мегардад.

Чорабинии имрӯза бо сарфарозгардонии занони фаъол бо сипосномаву ифтихорнома ва барномаи фароғатӣ ҷамъбаст гардид.

Сурайёи Сироҷиддин,

радиои “Тоҷикистон”