Масъалаи ҳамкории мутақобила дар самти истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори иҷроияи корхонаи «Vast Resources PLC» Ричард Эндрю Прили мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки зимни муаррифии имконоти вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар вилояти Суғд барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Гуфта шудааст, ки корхонаи «Vast Resources PLC» асосан дар самти истихроҷ ва коркарди маъдан фаъолияти босамар дошта, дар аксар давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ дорад.
Ричард Эндрю Прили ҳавасмандиашро барои густариши ҳамкорӣ, алалхусус дар корхонаи «Апрелевка» баён дошт. Таъкид гардид, ки дар доираи ин ҳамкорӣ ояндаи наздик бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаи «Апрелевка» ба нақша гирифта шудааст.
Корхонаи «Апрелевка» яке аз корхонаҳои бузурги вилояти Суғд буда, соли 1995 дар заминаи кони маъдани истихроҷи тиллои Қайроққум таъсис дода шудааст. Ширкат бо анҷом додани корҳои иктишофӣ ва воридсозии технологияи муосир имкон дорад иқтидори истеҳсолии корхонаро ду — се баробар боло бардорад.