24 феврали соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Утоқи (Палатаи) бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон Самад Ҳасанзода мулоқот намудааст.
Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби ширкатҳову сармоягузорони эронӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва иштироки фаъолони иқтисодии ду кишвар дар чорабиниҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд.