Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг доир ба дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар соли 2023 ва имкониятҳои сармоягузориву сайёҳии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарон ва намояндагони дипломатӣ, созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро Исматулло Насреддин, муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар ифтитоҳ карда, роҷеъ ба дастовардҳои кишвари дар соли 2023 маълумот дод. Ҳамчунин дар соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии кишвар нисбат ба соли гузашта ба 1 миллиард афзоиш ёфтааст. Иброз дошт муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин зимни баромад.
Дар рафти брифинг муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршеда Қодир зимни суханронӣ зикр намуд, ки дар соли 2023 беш аз 30 форуми байналмиллалӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гузаронида шуд, ки дар он меҳмонон аз кишварҳои хориҷ ширкат варзиданд.
Зимни баромади муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар Салимзода Зиёдулло зикр гардид, ки дар соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 201 ҳазор нафар саёҳони хориҷӣ ташриф оварданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 20,2 % зиёд мебошад . Ҳамзамон Тоҷикистон дар соли 2023 дар миёни 5 давлати амнтарини дунё дохил шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндаҳои аксари вазорату идораҳо ва шарикони рушд баромад намуда перомуни дастовардҳои Тоҷикистон дар самтҳои зикргардида ибрози андеша намуда, аз дастовардҳои дар самти мазкур манзургашта истиқбол намуданд.
Иноятова Ширин,
радиои “Тоҷикистон”