Ман агар маъюб ҳастам, ҷони ман маъюб нест,
Ақли ман, идроки ман, имони ман маъюб нест.
Ман агар дар зиндагӣ аз як по маҳрум шудам,
Рӯзи даҳ ангӯшт дар дастони ман маъюб нест.
Гӯянд, ки ашк рехтан қадре дардро таскин мебахшад, вале сарнавишт бо ашкрехтанҳои тадриҷӣ тағйир мехӯрад магар? Охир, кадом замон, кай дардҳоро тасалло мебахшидааст? Қаҳрамони нуқли навишти моро ғамҳои тадриҷиву дардҳои беинтиҳои зиндагӣ ранҷуру парешон кардаанду аз гиря дар дидааш об намондаву дар сараш хоб низ. Марги модар, дарди фарзанди падар дар ҳамрехтани хонаводаи худаш ва ситамҳои дигар ӯро дар салтанаташ гирифтор кардаанд. Аҳди таваллудашро падару модараш бо ашки шашқатор истиқбол карданду бо мотаму алам гузора карданд. Гулғунчаи тари хонаводаашон, гули худрӯйи гулдонашон пажмурда рӯйи дунёро дид. Чун по ба даҳр ниҳод, модар аз дидани ҷигаргӯшаи маслуқаш ба фарёд омаду оҳи синааш синаи фалакро бишкофт.
Дареғу дард, ки падару модар ҳанӯз дар батн буданаш аз маризии азаливу модарзодии ӯ, яъне бо як пои кӯтаҳ будани духтарашонро фаҳмида буданду синачок. Аммо дар гӯшаи тасаввур, ҳатто дар зеботарин тахаюл намеангоштанд, ки тифли маслуқи кӯтаҳпо чӣ ояндаи дурахшоне дорад. Гулғунча фарзанди чаҳорум буду пеши падару модар азизтарину гиромиву гавҳараке дар чашмони онҳо. Ба далели ҷурму нуқсону иллати пои ранҷураш ҳамвора дар бағали онҳо буду оғӯши меҳролудаашон ҷойи амну осоиши аҳди беғашиҳои ин тифлаки дӯстрӯ, Гулғунча.
Падару модари ҷигарпора ба ҳадди тамом талош мекарданд, то ба иллати пои бачаашон малҳаму дору биёранду бошанд. Аммо, бидуни манфиату барор Гулғунчаашон ҳамоно шабеҳи ҳамсолону ҳамаҳдони хеш чолоку чаққону часпон тавони даву тоз надошту ҷасту хез низ намеёрист. Аз дидани ин ҳама аз ҳама бештар ҷигари модараш хуми хун мешуд, ки ту гуфтӣ, модар аст охир, модар. Оғози суҳбати мо пурэҳсос буду моломоли ҳаяҷон аз ғояти ифшои дардҳо.
Гулғунча Неъматзода дар рустои Неъматободи шаҳри Ваҳдат дар хонаводаи деҳқонзодаи асилу марди одӣ дида ба дунё кушуда, ба дабистони рақами 42-и зодбумаш чун духтаракони ҷисмаш бенуқсон сабақ мегирифту фанну фунун меомӯхт. Ба далели ранҷуриву заифии ҷисмонӣ, саҳеҳтараш нуқсони кӯтоҳии пояш, бештар ба имконоти зӯру бозӯи дастонаш эътимод мебасту эътиқод дар тавонии хеш мебаст. Ҳамин ангезаҳо асар карданд, ки Гулғунча ба варзиши дастбозӣ ё дастхобонӣ майлу мароқу муҳаббат басту дар ҳамин ришта гом ниҳоду талош варзид, то музаффар бошаду дастболо.
Зани танҳо дар беамонтарин рӯзгорони сард, зани захмхӯрда чун пари парвонаи таку танҳо, зани олудаи дардҳо, духтари гули маҳтоб, бо иродаи устувору руин ва ҷасорату матонати мардона, духтари домани офтоб бо гармии ҳамими муҳаббати беинтиҳо ва талошҳои хастагинопазиру билофосила алорағми таззодҳои бесаранҷоми рӯзгорони рӯзихор бо захми носури абадии тан ё нуқсони модарзодӣ, аммо ранҷуру маъюсу хастаҷон на, бо нерӯву тавону ангезаи беохир талош меварзид, то касе сухани баде, ҳарфу ҳиҷову каломи нохушу ноҷуре дар қибалаш гуфта бошад. Гулғунчаи гулдони хонадони падар!
Варзиш дармони дарҳояш буду болу пари парвозаш. Варзиш ҷону ҳолаш мебахшиду дар сардтарин замҳарири зиндагияш гармиву нармӣ атояш мекард. Варзиш тавони тани дардмандаш буду устувории имону вуҷуду ҳастияш. Варзиш чун нӯшобаи ширин, чун нӯшдоруи малҳами дардоҳояш ба так-таки рагҳояш чун хун шарён мезаду туғён. Варзиш нафаси ҳастӣ, дору надор, ишқу муҳаббат, рӯзи сафед ва умеду армонҳои деринааш буд. Шояд ҳам агар варзиш намебуд, ӯро чӣ чизи дигаре аз ин вартаи танги сияҳи навмедӣ берун мекашид, кӣ медонист. Варзиш…
Гӯянд, ки агар худо зан офарид, бахташ бидиҳад, аҳ бебахташ накунад. Оре, бахт иқболи баланди инсон аст. Бахт умри одамро чун колои тани фариштагон испед мекунаду шабеҳи нуру рушноӣ ба синааш мешорад. Агар бахт набуд, бебахтӣ рӯзгори торику дард буд. Гулғунча ғунчаи худрӯи боғи зиндагӣ дар умри 30-солаи хеш ба ҷурми кӯтаҳии пояш таънаму маломат, маззамату фурӯмоягии як тоифа ноҷавонмардонро бофир дидаву аз ин боб бешумор андеша кардаву тан ба таслим шудан надодааст, ки ҳамин:
Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Дар дили шуъла фурӯ рафтану нагдохтан аст.
Мазҳари зиндадилон хоби парешонӣ нест,
В-аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст.
таҳияи Лутфуллои Азиз