Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Маркази ташхисӣ — табобатии «Нури Сино»-ро ифтитоҳ карданд

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор Маркази ташхисӣ — табобатии “Нури Сино”-ро ифтитоҳ карданд.

Муассисаи мазкур дар Маркази хизматрасонии “Ҳисор плаза” ҷойгир буда, аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази ташхисӣ-табобатӣ оғоз бахшида, ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро ибратбахш маънидод карданд.

Маркази ташхисӣ-табобатии “Нури Сино” аз тарафи роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаррух” Иззатулло Розиқов бунёд гардида, дорои шароити пешрафтаи ташхису табобат мебошад. Дар ин ҷо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ насбу васл шуда, барои фаъолият мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шудаанд.

Дар маркази ташхисӣ-табобатии нав гӯшаи гиёҳдармонӣ, дандондармонӣ, дорухона, озмоишгоҳ, утоқҳои махсуси ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии дил, ҳуҷраҳои безараргардонӣ, ташхису муолиҷаи бемориҳои гӯшу гӯлу ва бинӣ амал мекунанд.

Дар ҳамин ошёнаи Маркази хизматрасонии “Ҳисор плаза” Сарвари давлат ба фаъолияти толори муҳташаму зебои варзишӣ, ки бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ ба истифода дода шуд, шинос гардиданд.

Дар ин толор, ки бо воситаҳои муосири машқварзӣ аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ҷавонони хуштолеи шаҳри Ҳисор ба тамрин фаро гирифта мешаванд.

Ин толор имкон дорад, ки то 300 нафар ҷавонону наврасонро ба омӯзиши намудҳои гуногуни варзиш фаро бигирад.

Президенти мамлакат зимни суҳбат бо варзишгарон таъкид доштанд, ки аз шароити фароҳамшуда мақсаднок истифода баранд ва бо иштироки фаъолонаи худ дар мусобиқаҳои варзишии минтақавию ҷаҳонӣ номбардори миллат бошанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар дохили Маркази хизматрасонии “Ҳисор плаза”, инчунин ҳавзи муосири болопӯшида барои шиноварӣ, ҳаммоми туркӣ, буғҳои тару хушк низ ба фаъолият оғоз кардаанд, ки аз рӯи стандарҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ бунёд гардида, барои қабули муштариён омодааст.

Ҳамчунин дар ҳамин марказ сартарошхона, кошонаи ҳусн, мағоза, дорухона ва дигар муассисаҳои хизматрасонии маишӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар ошёнаи сеюми ҳамин бино маркази дилхушии кӯдакон низ сохта шудааст.

Дар маҷмӯъ бо бунёди Маркази хизматрасонии “Ҳисор плаза” 70 нафар сокинон соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд.

Ҳамзамон соҳибкор Иззатулло Розиқов тасмим дорад, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюми сохтмони Маркази хизматрасонии “Ҳисор плаза”-ро ба анҷом расонида, дар ошёнаи чоруми он дар доираи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ороиши хос ба урфу одат ва расму оини бошандагони минтақаҳои гуногуни мамлакат  меҳмонхонаи муосир ба истифода диҳад.

Инчунин дар заминаи ҳамин мақсадҳо қарор аст аквапарки муосири кӯдакона барои намудҳои гуногуни варзиши обӣ бунёд гардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *