Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷопон Ёсихидэ Суга

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷопон Ёсихидэ Суга барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Сарвазири Ҷопон табрик ва муборакбодӣ менамоям.

Мутмаинам, ки таҷрибаи ғанӣ ва малакаи касбиатон ба Шумо дар амалӣ намудани ин вазифаи сермасъул мусоидат хоҳанд кард.

Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо яке аз кишварҳои мутараққии Осиё – Ҷопон ҳавасманд мемонад.

Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо кишвари Шумо изҳори қаноатмандӣ менамоем ва ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари некбинона дорем.

Бовар дорам, ки мо дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ, бо саъю эҳтимоми муштарак, равобити гуногунҷанбаи байни давлатҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардошта, мазмуну мундариҷаи онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид. Ба ин манзур мо омодаем, ки тамосҳои анъанавии сатҳи олии байни Тоҷикистон ва Ҷопонро идомаи судманд бахшем.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии комилу дар амри татбиқи нақшаю барномаҳоятон ҷиҳати пешрафти кишваратон комёбиҳои рузафзун ва ба мардуми дӯсти Ҷопон сулҳу субот ва саодату шукуфоӣ орзумандам».

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *