Сомонаи Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, ки дар доираи чорабинии Намоишгоҳи байналмилалии “QTM-2023” дар шаҳри Давҳа вохурии муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Холматиён бо намояндагони ширкати “Katara Hospitality”-ии давлати Қатар ва ширкати “Qasswa” -и Арабистони Саудӣ баргузор гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохурӣ ҷонибҳо бобати тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба рушди сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони давлати Қатар ва Арабистони Сау дӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табодули таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ гуфтушунид намуданд.
Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози сайёҳии куҳнавардӣ ва экологӣ дорои имкониятҳои фаррох буда, дили садҳо дустдорони ин намуди сайру сайёҳатро тасхир кардааст.
Ҷониби ширкаҳои “Katara Hospitality” ва “Qasswa” омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар равандҳои мухталиф барои рушди сайёҳӣ ва манфиатҳои якдигарӣ иброз намуданд.