Тими мунтахаби духтаронаи Эрон ғолиби мусобиқаи Анҷумани Осиёи Марказӣ гардид

Аз 15-ум то 19-уми октябр дар пойтахти Тоҷикситон шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2023) байни дастаҳои мунтахаби духтарони то 14-сола, баргузор гардид, ки бо пирӯзии мунтахаби Эрон ба поён расид.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби духтарони Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон иштирок намуданд.

Тими мунтахаби Эрон тавонист, ки бо касби 7-имтиёз ғолиби мусобиқа гардад. Дастаи мунтахаби Қирғизистон бошад бо 5-имтиёз сазовори медали нуқра гардид. Мунтахаби Ӯзбекистон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз карда шуд. Ба мунтахаби Тоҷикистон ҷоизаи «Fair Play» тақдим карда шуд.

Мусобиқти қаҳрамонии CAFA-2023 миёни дастаҳои мунтахаби (U-14):

Даври 1-ум

Эрон – Қирғизистон – 1:1

Тоҷикистон – Ӯзбекистон – 0:9

Даври 2-юм

Ӯзбекистон – Эрон – 0:1

Қирғизистон – Тоҷикистон – 0:0

Даври 3-юм

Қирғизистон – Ӯзбекистон – 3:2

Тоҷикистон – Эрон – 0:2

Сорбон Амонуллозода