Имрӯз дар Душанбе маросими ба истифода додани бинои нави Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.
Дар ин бора ҳамкорамон Парвина Самандарзода иттилоъ медиҳад. Ба таъкиди манбаъ, бинои нави Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бо тарзу услуби замонавӣ сохта шуда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошад.
Хабарнигори мо иттилоъ медиҳад, ки пас аз маросими ифтитоҳӣ дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони “Таҳсилоти гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки конфронс бо сухани ифтитоҳии ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода оғоз гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳӣ ва конференсия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндаҳои кишварҳои хориҷ, аз он ҷумла, Русия , Қазоқистон ва Исроил тариқи онлайнӣ иштирок ва суханронӣ карданд.