Ҳукумати Тоҷикистон амали нангини террористии бар зидди муовини аввали Раисиҷумҳури Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ содиршударо шадидан маҳкум намуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали нангини террористиро, ки субҳи 9 сентябри 2020 дар Кобул бар зидди муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ сурат гирифта, дар натиҷаи он шуморе аз мардум ҷон бохтанд ва захмӣ шудаанд, шадидан маҳкум намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон, ки дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон интишор шудааст.

Ҳамчунин Ҳукумати Тоҷикистон ба пайвандону наздикони қурбониёни амали террористӣ таъзия баён намуда, ба захмиён шифои комил орзу кард.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҳамеша дар паҳлӯи Афғонистон буда, хоҳони барқарорсозии сулҳу оромии пойдор дар кишвари ҳамҷавор аст.

Тавре итилоъ дода шуда буд, субҳи 9 сентябр дар шаҳри Кобул бар ҷони муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ сӯиқасд ташкил гардид. Бар асари ин амали террористӣ  на кам аз 10 нафар кушта ва 15 нафари дигар, аз ҷумла се нафар муҳофизони Амруллоҳ Солеҳ захмӣ гардиданд. Худи ӯ зарар надидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *