Маркази миллии тестӣ бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба коллеҷу донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли 2023 оғоз намуд. Ин тасмим дар пайи иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён дар давраи асосӣ ва ду давраи такрории қабули донишҷӯён гирифта шудааст.
Нуқтаҳо барои бақайдгирии довталабон (давраи сеюм) дар 9 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт, ки рӯйхати онҳо дар сомонаи марказ оварда шудааст, ташкил гардидааст. Тавре Муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиниё Абдулвосит зимни суҳбат ба мо гуфт, дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз се озмун – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2023 холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар ин давра довталабони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбие, ки дар давраҳои якум ва дуюм аз бақайдгирӣ нагузашта буданд, довталабони дар имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд ё дар асоси озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёб нагардидан ва ҳамчунин довталабони комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нагардиданд, метавонанд аз қайд гузаранд. Ба таъкиди Муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиниё Абдулвосит тибқи нақшаи пешакӣ, довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ худро номнавис мекунанд, имтиҳонҳо / қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар даври сеюм – 17-уми сентябр месупоранд. Имтиҳонҳо танҳо дар 4 шаҳр – Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки муҳлати давраи сеюми бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе то 13- уми сентябр ва дар шаҳру ноҳияҳои дигар то 12-уми сентябр муқаррар гардидааст. Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давра пардохтшаванда 25 сомонӣ аст.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”