Кишоварзони ноҳияи Айнӣ маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро пешниҳоди сокинони Душанбе карданд

Субҳи имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии ноҳияи Айнӣ баргузор гардид, ки дар он сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуда, аз баргузории чунин чорабинӣ қаноатмандӣ ва хушҳолӣ карданд. Дар чорабинии мазкур намояндагони МИҲД-и ноҳияи Айнӣ, шаҳри Душанбе ва Ҳукумату Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳматзода зимни суҳбат ба мо зикр кард, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст. Тибқи нақша ин навбат кишоварзони ноҳияи Айнӣ барои сокинони пойтахт маҳсулоти кишоварзиро бо нархи арзон ва сифати хуб пешниҳод карданд. Суҳроб Раҳматзода илова кард, ки дар ин намоишгоҳ беш аз 15 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ворид карда шуд. Ҳамчунин, номбурда зикр кард, ки зиёда 20 намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ пешниҳоди сокинону меҳмони пойтахт гардонида шуд.

Дар ҷамоати деҳоти Рарз ҳунарҳои мардумӣ рушд кардааст, таъкид кард раиси ҷамоати мазкур Муҳаммадӣ Субҳонзода. Тавре ба мо номбурда аснои суҳбат иттилоъ дод имрӯз заҳматкашони ҷамоати деҳоти Рарз дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, ҳунарҳои дастии деҳаҳои ҷамоати номбурдаро пешниҳоди сокинони шаҳри Душанбе гардониданд. Дар ин бобат Раиси ҷамоати деҳоти Рарз Муҳаммадӣ Субҳонзода чунин ибрози андеша кард: Дар баробари фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин дар саҳни Боғи фарҳангӣ-фароғатии Садриддин Айнӣ намоиши намунаи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ: нон ва кулчаҳои гуногун, пухтупазҳои хонагӣ, кулчақандҳо қуроқдӯзӣ ва гулдӯзиҳо баргузор гардид. Ба гуфтаи мавсуф дар ноҳияи Айнӣ дар самти ҳунарҳои мардумӣ пеш аз ҳама ҳунари қаннодӣ хуб рушд кардааст, ки чун анъана мардуми ноҳия дар рӯзи маъракаҳои хурсандии хеш аз маҳсули ин ҳунари миллӣ истифода мебаранд.

Ҳамзамон, яке аз иштирокчиёни намоишгоҳ раиси ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ Ёрмаҳмад Ҷуразода зимни суҳбат изҳор кард, ки деҳқонону кишоварзони ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи сеюми стратегӣ -таъмини амнияти озуқаворӣ ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд. Тавре номбурда иброз дошт имрӯз тамоми маҳсули дастранҷи кишоварзони ҷамоати деҳоти Фондарё, хусусан маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла гӯшти қутос пешниҳоди сокинони пойтахт гардонида шуд. Раиси ҷамоати зикршуда гуфт, ки нархи маҳсулоти кишварзии намоишгоҳ назар ба нархи маҳсулоти кишоварзии бозорҳои пойтахт 20-30% арзон мебошад.

Ҳамчунин, шоми имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Садриддин Айнӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки санъаткорони ноҳияи Айнӣ гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.

Машраби Холмаҳмад,

Радиои Тоҷикистон