Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Пекин бо Минтақаи намоиши идоракунии худкори сатҳи баланд шинос шуданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи барномаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ноҳияи Ичжуани шаҳри Пекин ба Минтақаи намоиши идоракунии худкори сатҳи баланди шаҳри Пекин ташриф оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни шиносоӣ аз минтақаи мазкур муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо имконияти минтақаи таҷрибавӣ оид ба татбиқи барномаи автомобилҳои зеҳнӣ бо имконоти шабакавӣ аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳудуди минтақаи таҷрибавӣ 225 километри мураббаъ буда, он ҳудудҳои фурудгоҳи байналмилалиии Дасин, 6 шоҳроҳҳои автомобилгарди атрофи Ичжуан, инчунин ду шоҳроҳи тезгарди байнишаҳриро фаро мегирад. Дар айни замон барои аз санҷиши озмоишӣ гузаронидани автомобилҳои бесарнишин аз ҷониби шаҳрдории Пекин 200 роҳи муосир дар масофаи умумии 700 километр истифода карда мешавад.

Мавриди тазаккур аст, ки барои пешниҳоди хизматрасонии мусофиркашонии нақлиёти бесарнишин дар Чин ширкати Baidu, ки дар ихтиёри худ 20 воситаи нақлиёти худкору бесарнишини насли панҷум дорад, соҳиби аввалин иҷозатнома мебошад.