ВКД: 2 ноболиғ дар садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд

Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст, ки рӯзи 29-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 13:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», Шукуров Шукрулло Ёқубалиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Соҳилӣ ба самти кӯчаи Абайи ноҳияи Фирдавсӣ, дар назди МТМУ №72 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Мираков Шоҳрух Умарович, соли таваллудаш 2008, хонандаи синфи 6, сокини пойтахтро пахш намудааст.

Мутаассифона, ноболиғ Мираков Ш.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Санаи 29-уми августи соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Бойқузиев Абдумалик Баҳромович, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада ба автомашинаи тамғаи «Лада-Калина», ки таҳти идораи ронанда, Маҳмудов Ҳусейн Иномович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Қалачаи-Калинаи шаҳри мазкур қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи «Лада-Калина», Умаров Муродҷон Ҳалимович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Қалачаи-Калина, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *