350 доллар барои як тонна. Суғд аз Узбекистон бо нархи нисбатан арзон гандуми тухмӣ ворид месозад

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд бо пахши хабар дар сомонаи расмии вилоят навиштааст, ки  дар назар аст, вилояти Суғд аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гандуми тухмии навъҳои серҳосилро ворид намояд.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 25 ва 26 августи соли 2020 бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода ба вилояти Фарғона сафар карда, бо роҳбарияти ин вилоят дидору гуфтугӯҳо анҷом доданд.

Дар хабар зикр мешавад, ки зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти вилояти Фарғона мувофиқа ҳосил шудааст, то тухмии гандумро бо нархи нисбатан арзон, яъне 350 доллар  ИМА барои як тонна ҷониби вилояти Суғд харидорӣ  намояд.​

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки қарор шуд, ки ба вилояти Суғд 1500 тонна гандуми навъи “Безостая-100” ворид карда шавад.

Гузашта аз ин намояндагони вилояти Суғд аз Корпоратсияи “Қӯқанд дон маҳсулотлари”-и шаҳри Фарғона низ боздид намуда, барои тақвияти ҳамкориҳо ва воридсозии гандум ба вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом доданд.

Ёдовар бояд шуд, ки гандуми тухмии навъҳои серҳосил бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли ғалла ба вилоят ворид карда мешавад.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *